Аҳмадзода дар Боғи миллии “Ваҳдат” олуву зардолу чинд

Имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” рафта, аз рафти ҷамъоварии мева шинос шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни боздиди  Боғи миллии “Ваҳдат” ба масъулин барои ҷамъовари саривақтии ҳосили пухтарасида ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳо дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Зимни боздид Раиси вилоят таъкид намудааст, ки, имрӯзҳо дар Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” чиниши зардолу ва олу ҷараён дошта, меваҳои шаҳдбор ба Русия содирот мешаванд.

Ҳама ба Хуҷанд: то баргузории ярмаркаи “Суғд — 2019” се рӯз монд

“Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти муассиса барои ҷамъовари саривақтии ҳосили пухтарасида ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳо дод. Таъкид карда шуд, ки меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар Русия ва дигар давлатҳои минтақа харидорони худро дорад ва аз ин лиҳоз, масъулинро зарур аст, ки дар ин самт корбариро ҷоннок созанд”, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Ёдрас мешавем, ки Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” дар соли 2008 бунёд гардида буд.

Масоҳати умумии муассиса 630 гектар буда, дар 501 гектари он боғҳои гуногун бунёд карда шудааст.

Аз ҷумла, дар 353 гектар боғи зардолу, 47 гектар шафтолу, 37 гектар себ, 31 гектар бодом, 12 гектар олу, 2,78 гектар нок, 4,43 гектар гелос бунёд ёфта, ҳосили боғоти муассиса ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар бароварда мешавад.