Занги Путин ба Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашташ аз Душанбе ба Маскав

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия баъди бозгашташ аз Душанбе ба Маскав ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон занг задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Кремл, имрӯз хабар додааст, Путин зимни суҳбати телефонӣ Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваффақ баҳогузорӣ кардааст. Путин ба Раҳмон барои ташкили ҳамоиши муваффақонаи МҲТБО миннатдорӣ баён кардааст.

Шӯхиҳои Раҳмону хандаҳои Путин: навори сайру гашти президентҳо дар Варзоб - Видео

Раисиҷумҳури Русия инчунин барои меҳмоннавозие, ки ҷониби Тоҷикистон зимни ҳамоиши МҲТБО нишон додааст, изҳори миннатдорӣ намуд.  

МҲТБО дар Тоҷикистон бо иштироки ҳайатҳои ҳудуди 30 давлати дунё 14-15 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Барои ширкат дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои узв — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ҷумҳурии Узбакистон, Шри-Ланка ҷамъ омаданд.