Нофаҳмӣ дар марз: “маблағ ҷудо шуд, аммо қирғизҳо намемонанд роҳ таъмир шавад”

Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара мегӯяд, сокинони деҳаи Оқсойи Бодканди Қирғизистон чанд рӯз боз монеъи таъмири роҳи Исфара – Ворух шуда истодаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Илёсзода баъди зуҳри имрӯз бо нашри як изҳорот дар саҳифаи фейсбукияш гуфт, рӯзи сеюм сеюм аст, ки сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон монеъи таъмири асосии шаҳроҳи Исфара –Ворух гаштаанд.

Чаро ба ман роҳ намедиҳӣ?: сокинони Қирғизистон мошини як сокини Ворухро сангборон карданд

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баъд аз муроҷиатҳои сершумори сокинони деҳаи Ворух маблағи заруриро барои таъмири асосии ин шоҳроҳ ҷудо намуд”, - иттилоъ дод сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара ва афзуд, ки сокинони қирғиз монеъи таъмири роҳ шудаанд.

Ба гуфтаи Илёсзода ҳарчанд тибқи харитаи марзию гузаргоҳӣ ин минтақаи роҳ комилан ба ҷониби Тоҷикистон тааллуқ дорад, раиси Оқсойи ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон Эргаш Ниятқулов якҷоя бо чанд нафари дигар монеъи ин амали ободкорона гардида, ҳамзамон ба равуои озодонаи нақлиёт аз самти Исфара-Ворух ва Ворух-Исфара мехоҳанд вазъиятро дар минтақа муташанниҷ созанд.

КДАМ аз баҳс дар Исфара: қирғизҳо мехостанд 4 гектар замини Тоҷикистонро тасарруф кунанд

“Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара баҳри ба эътидол овардани вазъият саъю кӯшиш доранд, аммо Эргаш Ниятқулов якҷоя бо чанд иғвоангезони ҳамроҳаш хостгори ҳалли мусолиҳатомези масъала нестанд”, - таъкид кард Илёсзода.

Феълан назари ҷониби Қирғизистон дар бораи ин қазия маълум нест.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 500 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар бисёри ҳолатҳо номуайянӣ дар марз боиси сар задани танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ мегардад.