Коршинос гуфт кадом муҳоҷирони тоҷикро дар Русия метавонанд авф кунанд

Ҳуқуқдон ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Русия, муовини раиси Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон Евгений Бобров гуфт, кадом муҳоҷирони тоҷикро дар Русия метвонанд авф кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Мушкили муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик, ки метавонанд авф шаванд, муҳим аст, мегӯяд Бобров.

Се пешниҳоди Раҳмон ба Русия: авфи муҳоҷирон, сабукӣ дар сабти ному гирифтани патент

"Мо аз номи Шӯрои ҳуқуқи инсон пешниҳод карда будем, ки ҳамаи муҳоҷироне, ки бо ихтиёри худ ё бе ихтиёр бо айби ноқисии қонунгузории муҳоҷирати Русия қонуншиканӣ кардаанд, бахшида шаванд",-гуфт муовини раиси Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон Евгений Бобров.

Русия ҳаҷми боҷи давлатиро барои гирифтани иҷозаи иқомат боло мебарад

Пас аз пешниҳоди Раҳмон: сабти номи муҳоҷирон дар Русия тағйир меёбад

Ба гуфти Бобров бояд муҳоҷироне бахшида шаванд, ки гуноҳашон сабуктар аст.

Хушхабар: барои муҳоҷирон дар Русия андоз аз даромадро кам мекунанд

"Ба мо ку қувваи корӣ бо маълуоти олӣ ва ҳам миёна лозим аст. Агар онҳо қонуншикании кам дошта бошанд, мешавад, ки онҳоро як бор бахшид",-мегӯяд Бобров.

Ёдрас мешавем, ки раисумҳури Тоҷикистон зимни сафари ду рӯзаи худ (16-17 апрел) ба Русия, дар суҳбат бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин се пешниҳод ироа кард, ки яке аз онҳо, авфи муҳоҷирон буд.