Ситоиши Ҷинпин аз инсондӯстӣ ва хайрхоҳии Раҳмон ва мардуми тоҷик

Си Ҷинпин аз меҳмоннавозии Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик ситоиш кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари Чин барои ширкати фаъол дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва идомаи талошҳои созанда баҳри таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии наку, изҳори сипос кард.

Ба гузориши котибот, раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар навбати худ ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии хоси тоҷикона изҳори сипос карда, ба баргузории ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи раёсати Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Си Ҷинпин бо эҳсоси баланди хушнудӣ ва изҳори миннатдорӣ аз меҳмоннавозии дӯстона ва бародаронаи Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки иштирок дар ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ ва анҷоми сафари давлатӣ дар Тоҷикистон беҳтарин ва гуворотарин лаҳзаҳо буданд.

"Ман дар Тоҷикистон аз ҷониби сарвари давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон эҳтироми самимиро эҳсос кардам, ки ин инсондӯстӣ, меҳмоннавозӣ ва хайрхоҳӣ хоси мардуми тоҷик аст",-гуфтааст Ҷинпин.

Раҳмон лоиҳаи бинои Ҳукумату Парлумонро нишон дод: аз нарх то баландӣ ва беғаразии Чин

Ёдовар мешавем, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз 14 то 16 июн бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе қарор дошт.

Дар доираи сафари бобарор мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ паҳлӯҳои равобити дуҷонибаи кишварҳо, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз руи натиҷаи мулоқоту музокирот дар маҷмуъ 18 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Чин заминаҳои мусоидро фароҳам овард.