Раҳмон лоиҳаи бинои Ҳукумату Парлумонро нишон дод: аз нарх то баландӣ ва беғаразии Чин

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои чинияш Си Ҷинпин 15 июн дар Қасри миллат дар маросими пардабардорӣ аз рӯи лоиҳаи биноҳои бунёдшавандаи Парлумон ва Ҳукумати Тоқикистон иштирок карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ карда мешавад.

Гуфтугӯи судманд: Раҳмону Руҳонӣ дар чӣ бора суҳбат карданд?

“Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад”, - тавзеҳ дод котиботи Эмомалӣ Раҳмон.

Манбаъ афзуд, ки бинои Ҳукумати Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад

“Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 11 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Манбаъ таъкид намуд, ки дар лоиҳаҳои биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигор мувофиқ сохта мешавад.