ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Нишасти шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осие (МҲТБО) соли 2022 ва ҷаласаи шашуми вазирони кишварҳо соли 2020 баргузор мешаванд.
Дар ин бора дар Эъломияи ҷамъбастии аз рӯи Саммити Душанбе қабулгардида омадааст.
Дар санади мазкур гуфта мешавад, ки Тоҷикистони раисикунанда дар ҳамкории зич бо дигар давлатҳои иштирокдор ва нозирон барои ба сатҳи баландтар баровардани ҳамкорӣ дар доираи МҲТБО ва рушди он тамоми тадбирҳоро меандешад ва ҳамаи кишварҳо дар ин самт ба он мусоидат хоҳанд кард.
«Мо ба тавофуқ омадем, ки ҷаласаи шашуми вазирони корҳои хориҷии МҲТБО-ро соли 2020 ва Саммити шашуми МҲТБО-ро соли 2022 баргузор намоем», — гуфта мешавад дар Эъломия.
Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор шуд.
МҲТБО форуми байнидавлатӣ буда, соли 1992 таъсиси ин щамоиш аз ҷониби Қазоқистон пешниҳод гардидааст.
Фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё равона мебошад.