Фоҷиа: ҳалокати ҳашт кас дар садамаи мудҳиш дар Воронеж

Дар паи бархӯрди худрави сабук ва микроавтобус дар Воронеж, танҳо як духтаракаи 10-сола ҷон ба саломат бурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҳашт кас дар паи садамаи мудҳиш, бархӯрди мошини сабукрав бо микроавтобус дар Воронеж ба ҳалокат расид, хабар медиҳад ВКД дар минтақа.

Фоҷиа шоми 15 июн дар шоҳроҳи "Воронеж-Луганск" дар ҳудуди ноҳияи Боров ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба гузориши мақомоти қудратӣ худрави навъи Ford Focus ба тарафи Ворнеж ҳаракат мекард.

Дар масофаи 59-умин километр ронандаи иномарка аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба микроавтобуси Volkswagen Transporter бархӯрдааст.

Манбаъ қайд кард, ки дар паи ин ҳодиса ҳашт кас ҳалок шуду як духтарчаи даҳсола ҷароҳатдор гардид.