ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Шарипов дар порагирӣ бо истифода за мақоми хидматияш айбдор мешавад.
Ин ниҳод иттилоъ дод, ки 4 апрели соли равон ба Ожонси мазкур шаҳрванд “А” муроҷиат карда, арз доштааст, ки мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканди вилояти Хатлон Шарипов Шерназар Бекназарович аз ӯ маблағ талаб мекунад.
Муроҷиаткунанда таъкид намудааст, ки Шарипов барои омода намудани лоиҳаи қарори манзили истиқоматӣ, пешакӣ 700 доллари ИМА гирифта, боз оварда додани маблағи 700 доллари дигарро талаб дорад.
Ба иттилои Ожонси зидди фасод, Шарипов худи ҳамон рӯз баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 700 доллар дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Ожонси зидди фасод афзуд, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Шерназар Шарипов бар асоси моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ анҷом ёфта, барои баррасӣ ба додгоҳи вилояти Хатлон ирсол карда шудааст.
Назари худи айбдоршавнада ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.