Қарори Рустам Эмомалӣ: дар маркази Душанбе парки бузурги обӣ бунёд мешавад

Парки обӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бунёд мегардад. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар хиёбони Исмоили Сомонии шуҳри Душанбе парки обӣ бунёд хоҳад шуд, ки шаҳрдории Душанбе барои таҳияи лоиҳаи он озмун эълон кардааст.

Азми Русия ва қарори Рустам Эмомалӣ: дар Душанбе муҷассамаи Пушкин гузошта мешавад

Тавре дар қарори вижаи раиси шаҳри душанбе Рустам Эмомалӣ дар ин бора гуфта мешавад, "Маҷмааи обӣ" ба муносибати ташаббуси Тоҷикистон -"Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", барои солҳои 2018-2028" бунёд хоҳад шуд.

Барои ғолиби ҷои аввали озмун 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 25 ҳазор ва ҷойи сеюм 15 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст.

Тибқи қарори дахлдори раиси шаҳр аъзои Комиссияи озмун аз намояндагони мақомоти дахлдор, аз ҷумла беҳтарин муҳаққиқони соҳаи меъморӣ ва Академияи илмҳои ҷумҳурӣ иборат буда, раисии ин Комиссияро Рустами Эмомалӣ бар душ дорад.

Тибқи қарори мазкур раиси шаҳр масъулинро вазифадор намудааст, ки озмуни кушодро дар муҳлати муқарраршуда амалӣ гардонанд. Ҳамчунин аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шудааст, ки ҷиҳати ҷалби беҳтарин меъморони ватанию хориҷӣ ба озмуни мазкур мусоидат намояд.