ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Рӯзи гузашта,14 июн дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷарёни мулоқот масоили муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ карда шуд.
"Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар барои рушду пешрафти муносибатҳои байнидавлатӣ аҳамияти муҳим дорад. "Итминон дорам, ки вохӯрии навбатии мо низ ба ин раванд такони ҷиддие хоҳад бахшид", изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия, татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошуда, ҳамкории ниҳодҳои ду кишвар дар роҳи густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва тавофуқоти дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ ба дастомада, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.