Гуфтугӯи судманд: Раҳмону Руҳонӣ дар чӣ бора суҳбат карданд?

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ дидору мулоқот кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсоҳаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй сурат гирифт.

Эрон вазифадор шуд аз фаъолияти ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ кунад

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карда, ки баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки фаъоли сарони давлатҳои аъзо баҳри тавсеаи ҳамкории кишварҳои минтақа дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Рӯҳониро ба Душанбе даъват кард

"Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва соҳаҳои инфрасохторию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд",-омадааст дар хабарнома.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.