Ҳодисаи нохуш: ҳалокати кӯдаки сесола зери "чизил"-и трактор дар Шаҳритус

Кӯдаки хурдсол ба таракторе, ки заминро ҷуфт мекардааст, часпида, кӯштш кардааст, ки савор шавад. Аммо мутаассифона зери "чизил"-и трактор сахт маҷрӯҳ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи нохуше дар ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад.

Дар корхонаву иншоотҳои кишвар бар асари 31 ҳодисаи нохуш 20 нафар ба ҳалокат расид

Дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи мазкур дар пайи ҳодисаи нохуше кӯдаки 3-сола ҳалок шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 13-уми июн, тахминан соати 12:30-дақиқа, хурдсол Абдураҳмони Зиёрат, соли таваллудаш 2015, сокини деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Шаҳритус, дар заминҳои корами деҳаи Тоҷикобод ба қисми болои оҳанҳои ҷуфткунии трактори тамғаи “МТЗ-80”, таҳти идораи ронанда, Сатторов Ҳасан Хуҷамбердиевич, соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Хушодил, ки дар заминҳои корами деҳаи мазкур ба ҷуфт кардани замин машғул будааст, часпида мақсади савор шуданро кардааст. 

Дар натиҷа, мутаассифона, хурдсол Абдураҳмони З. зери "чизил"-и трактори мазкур монда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.