Президенти Русия, Владимир Путин дар доираи саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтушуни анҷом медиҳад.
“Тоҷикистон аъзои СПАД мебошад, аз ин рӯ саммити Душанбе бояд ҳамчун ҷаласаи корӣ дар чаҳорчубаи муҳайё сохтани низоми амният дар кишварҳои Осиёи Марказӣ донист шавад”, - ба Sputnik Тоҷикистон гуфт Гусев.
Вай қайд вазъи минтақаи Осиёи Миёнаро мушкил арзёбӣ мекунад.
“Мавҷудияти миқдори зиёди даъваткунандагон дар Тоҷикистон, ки ҷавононро ба сафҳои гуруҳҳои гуногуни дар Сурияву, Ироқу Афғонистон қарор дошта даъват мекунанд, вазъи кишварро, ки инчунин бо Афғонистон ҳаммарз аст метавонанд муташаниҷ гардонанд”, - мегуяд коршинос.
Воридшавии ҷангҷӯён дар ҳуддуи Тоҷикистон, гардиши маводи мухаддир ва инчунин мушкилиҳои сиёсию иқтисодии дохили кишвар мавзуи гуфтушуниди Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон мегарданд.