Як соли маҳрумият аз озодӣ барои дашному харошидани гардани ҳамхидмат

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе сарбоз Рустам Сирожиддиновро барои дашном ва харошидани гардани ҳамхидматаш ба як соли зиндони шартӣ маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik.  Тибқи иттилои додгоҳ,  Сирожиддинов  12-уми апрели соли 2017 аз тарафи комиссияи даъватии ноҳияи Рӯдакӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, дар сафи Гвардияи миллӣ хизмат мекардааст.

Фарзандони 16 мансабдори баландпоя ба хизмат рафтанд: Суғд

“Ӯ  санаи 5-уми апрели соли 2019 тахминан соати 13:00 ба дохили хонаи маишии взводи таъминотӣ ва хизматрасонии қисми ҳарбӣ ворид гардида, дидааст, ки дар онҷо хамхизматаш қатории гвардия Қурбонов Шокир Ахмадович мӯи сар кам дорад”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Сирожиддинов  аз ин ҳамхидматаш бе иҷозати ӯ ба хонаи маишӣ даромадааст, Қурбоновро дашнома дода, аз қисмати рости гиребони куртааш қапида, кашола карда аз дохили хонаи майишӣ ба баровардааст.

“Дар натиҷа ба Қурбонов ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Мувофиқи хулосаи коршиноси судӣ-тиббӣ  аз 18 апрели соли 2019 дида мешавад, ки дар бадани қатории гвардия Қурбонов Шокир Аҳмадович ҷароҳати ҷисмонӣ ба монанди харошҳои мавзеъи гардан аз тарафи рост дарёфт карда шудааст”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Коршинос: Сергей Шойгу бо мақомоти Тоҷикистон чиро баррасӣ мекунанд

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе барои  Сирожидинов Рустам Набиҷонович  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1  сол ҷазо кардааст.

“Дар асоси моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои таъиншуда, нисбати Сирожиддинов Рустам Набиҷонович шартан татбиқ карда нашуда барои ислоҳшавӣ ба ӯ 1  сол муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд”, - таъкид кард додгоҳ.

Манбаъ афзуд, ки Сирожиддинов ҳақ дорад, аз ин қарор ба марҳилаи болоӣ шикояти кассатсионӣ барад.