Садамаи "Ёрии таъҷилӣ" дар Хуҷанд: маҷрӯҳ шудани ду пизишк ва ҷароҳати вазнини бемор

Дар пайи садама 2 корманди пойгоҳи "Ёрии таъҷилӣ" ҷароҳат бардошта, беморе, ки интиқол дода мешуд, сахт ҷароҳат бардоштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Рӯзи 11-уми июни соли 2019, тахминан соатҳои 23:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Газел"-и пойгоҳи "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Конибодом, Шодиев Раҳмонҷон, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри мазкур, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба чароғаки раҳнамо ва симчӯби канори роҳ, бархӯрдааст. 

Пурқурбонитарин садама дар Суғд: ВУД Раҳимовро гунаҳкор медонад - видео

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Болтаев Карим Бахтиёрович, соли таваллудаш 1986, духтури пойгоҳи ёрии таъҷилӣ, Негматова Матлуба Абдуллоҷоновна, соли таваллудаш 1993, ҳамшираи шафқати ёрии таъҷилӣ, сокинони шаҳри Конибодом, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар Беморхонаи М-1 шаҳри Хуҷанд бистарӣ гардидаанд.

Мошин чаппа шуд ва ронанда ҳалок гашт: тафсилоти садама маргбор дар роҳи "Душанбе-Чаноқ

Мусофири дигари автомашинаи мазкур Сулаймонова Наргиза Ҷумабоевна, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Конибодом, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар таваллудхонаи вилояти Суғд бистарӣ карда шудааст.