Дар Суғд Ситоди кории вилояти амалиёти "Кӯкнор - 2019" таъсис ёфт

Дар вилояти Суғд амалиёт "Кӯкнор - 2019" баргузор мешавад. Амалиёт дар ду марҳила баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд дар ду марҳила - аз 1 июн то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2019 амалиёти "Кӯкнор-2019" гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.

Мусодираи наздики 2 тонна маводи нашъадор дар пайи амалиёти "Кӯкнор-2018"

Амалиёти "Кӯкнор-2019" бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ошкору нобуд кардани растаниҳои худрӯйи нашъаовар гузаронида хоҳад шуд.

Дар асоси қарори мазкур ҷиҳати роҳбарӣ ва назорату ҳамоҳангсозӣ дар назди Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Ситоди кории вилоятии амалиёти "Кӯкнор - 2019" ташкил мегардад.

Пештар дар Душанбе низ  қарор дар бораи баргузории амалиёти мазкур ба тасвиб расида буд.