Авбошӣ: зан марди телефонфурӯшро латтукӯб кард

Нисбати гумонбаршуда бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз авбошӣ дар дохили бозор дар ноҳияи Спитамен хабар медиҳад. Манбаъ менависад, зане дар бозор марди телефонфурӯшро латтукӯб кард.

"Ними шаб ба манзилам даромада, латтукӯб ва ғоратам кард"

"Аз ҷониби кормандони милитсия парвандаи чиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зани 34-солаи сокини ноҳияи Спитамен оғоз карда шуд", - омадааст дар иттилои ВУД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, номбурда рӯзи 6-уми июни соли 2019 ба мағозаи фурӯши телефонҳои мобилии соҳибкори инфиродӣ, марди 30-солаи сокини ноҳияи Спитамен, воқеъ дар ҳудуди бозори марказии ноҳияи мазкур омада, аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон сабаб нисбати ӯ суханҳои қабеҳ гуфта, ӯро бо қуттии чӯбин якчанд маротиба задааст.

Ҳақ ба ҳақдор мерасад?: Ҳафизахон Бутаева қиссаи латтукӯб ва ихроҷ шуданашро гуфт

 Зан ба марди телефонфурӯш ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.