Садамаи маргбор: ҳалокати духтарчаи 7 сола зери чархи мошин

Садамае, ки дар он духтарчаи ноболиғи 7 сола ба ҳалокат расидааст, рӯзи 11 июни соли равон дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов рух додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ронандаи мошини “Хундай Соната” аз уҳдаи идораи мошинаш набаромад пиёдагарди ноболиғро пахш намудааст, ки дар натиҷа ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Пурқурбонитарин садама дар Суғд: ВУД Раҳимовро гунаҳкор медонад - видео

Тавре манбаъ қайд намудааст, рӯзи 11-уми июни соли равон, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи “Хундай Соната”, Шарипов Фаррух, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳангоми ҳаракат дар маркази ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Охунова Мағрура Нодирҷоновна, соли таваллудаш 2012, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Ҷароҳати 8 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи садама дар вилояти назди Маскав

Манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа, духтарчаи ноболиғ Охунова Мағрура  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон таъкид намуддааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия ҳодисаи мазкурро мавриди таҳқиқот қарор додаанд.