Раисҷумҳури Бангладеш ҳамроҳ бо ҳамсараш ба Душанбе мояд

Абдул Ҳамид ва ҳамсараш Рашид Хонум рӯзи 13 июни соли равон вориди Душанбе хоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik.  Абдул Ҳамид ҳамро бо ҳамсараш Рашид Хонум дар ҳошияи созмони мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё иштирок хоҳанд кард, иттилоъ додааст хабаргузории Dhaka Tribune.

Таъкид шудааст, ки Абдул Ҳамид ва ҳамсараш Рашид Хонум бо ҳамроҳии ҳайати расмӣ рӯзи 13 июни соли равон вориди Душанбе хоҳанд шуд.

Кохи Кремлин тасдиқ кард: Путин ва Аббос эҳтимол дорад дар Душанбе мулоқот кунанд

Гуфта шудааст, ки баъд аз анҷоми ҳамоиши созмони мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё Абдулҳамид бо ҳамсараш рӯзи 16 июни соли равон ба Узбакистон сафар хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои 14 ва 15 июн дар шаҳри Душанбе нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви созмони мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА) баргузор шуда ва дар он раҳбарони 12 кишвари ҷаҳон бо шумули Русия ширкат хоҳанд кард.

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ сарвазирон, муовинони сарвазир ва вазирони корҳои хориҷии 15 кишвар, аз ҷумла, Абдулло Абдулло, сарвазири Афғонистон ҳузур хоҳанд дошт.

27 кишвар узвияти Созмони Мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА)-ро доранд, ки 90 дарсади ҳудуд ва аҳолии Осиёро дар бар мегирад. Ҳашт кишвар ва панҷ созмони байналмилалӣ дар ин созмон мақоми нозирро доранд.