Ҷаримаро кӣ месупорад: автобуси ҷамъиятӣ дар як ҳафта 76 маротиба қоидаи роҳро вайрон кард

Камераҳои мушоҳидаи видеои лоиҳаи “Шаҳри бехатар” дар як ҳафта 76 маротиба вайрон кардани қоидаи роҳро аз тарафи ронандаи автобуси мусоирбари шаҳри Душанбе ба қайд гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Автобуси мусофирбари тамғаи "Лиаз-5256", рақами қайди давлатиаш 0488 ТТ 05, ки ба КВД “Автобус-1”-и пойтахт тааллуқ дорад, давоми ҳафтаи сипаришуда 76 маротиба ба қоидавайронкунӣ зимни ҳаракат дар роҳ даст задааст, Иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Вазорати умури дохила рӯйхати ронандаҳоеро интишор кардааст, ки  қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон карда, тавассути тавассути “Шаҳри бехатар” сабт гардиданд. 

Ҷазои ронандаи автобус ва сипоси масъулин ба шикояткунандагон

Манбаъ таъкид намудааст, ки ронандаҳои мазкур то ҳол ҷаримаҳоро пардохт накардаанд

Дар рӯхати мазкур ронадаи дигар автобуси корхонаи дар боло зикр шуда (рақами давлатӣ 0489 ТТ 05) дида мешавад, ки тӯли ҳафтаи гузашта 17 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Ёдрас мешавем, ки ҳамаи қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ дар камераҳои мушоҳидаи видеоии лоиҳаи “Шаҳри бехатар” сабт мешаванд, ки ин лоиҳа 31 октябри соли 2013 мавриди амал қарор гирифта буд. Дар доираи лоиҳа дар 75 гузаргоҳ ва роҳҳои кӯчаҳои марказии Душанюе 855 адад камераҳои мушоҳидаи видеоӣ насб шуд. Арзиши умумии лоиҳа 22 млн. долларро ташкил медиҳад.

Бино бар иттилои ВУД Тоҷикистон, аз замони оғози фаъолияти “Шаҳри бехатар” то моҳи ноябри соли гузашта камераҳо 932 ҳазору 787 қоидавайронкунҳои ҳаракат дар роҳҳо ошкор намудааст. Ронандаҳо дар ин давра  ба маблағи умумии 116 млн. 501 ҳазору 710 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.