ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зани 28-солаи сокини шаҳри Бӯстон барои алоқаи ҷинсии зану мард дар хонаи истиқоматиаш 250 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Тавре ВУД Тоҷикистон хабар додааст, корманмдони милитсия зани 28-солаи сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғдро бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.
Иҷора на барои иқомат, балки барои табдили фоҳишахона
Манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда, рӯзи 7-уми июни соли равон, тахминан соати 20:00, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба зани 24-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд шароит муҳайё намуда, аз онҳо 250 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.