Далелҳои нав дар қазияи куштори Чуев: ҳомилае набуду ҷавонони тоҷик ба ҳама мечаспиданд?

Шоҳидони ҳодиса дар бораи қазияи куштори варзишкори рус Чуев маълумотҳои дигареро далел меоранд. Ба гуфтаи онҳо, ҷанҷол барои муҳофизати зани ҳомилае сар назадаву "муттаҳамон ба ҳамаи истироҳаткунандагони назди кӯл ҳамла мекарданд"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Наврасоне, ки дар ҷанҷоли варзишкори рус ва муҳоҷирони тоҷик иштирок доштанд, мегӯяд, ки дар ҷойи ҳодиса зани ҳомилае набуд, ки пештар расонаҳои Русия ҳузурашро тасдиқ мекарданд.

Кумитаи тафтишотии Русия навори бозпурсии гумонбар дар қатли Чуевро нашр кард

Даниил ва Александр - ба телевизиони 360 гуфтаанд, ки "муҳоҷирони тоҷик ба тамоми истироҳаткунандагони назди кӯл мечаспиданд".

Ба гуфтаи онҳо, Даниилу Александр ва ҳамроҳонаш якҷо бо варзишкори рус аз пул мегузаштанд, ки гурӯҳи авбошонро диданд.

Онҳо тарсидаанд ва аз Чуев дархости кӯмак кардаанд. Наврасон аз варзишкор хостаанд, ки аз назди авбошҳо ҳамроҳ гузаранд, то ба ҷанҷоле ҳамроҳ нашаванд. Аммо қазия аз ҷое сар шудааст, ки варзишкор ба як ҷавони тоҷик, ки доду фарёд мебардоштааст, эрод гирифтааст.

Ин хоҳиши Чуев ғазаби ҷавонро овардаву байни онҳо аввал баҳсу мунозира, сипас таҳқири ҳамдигар ва баъд ҷанҷол сар задаст. Ҷавонон Чуевро иҳота кардаанд.

Варзишкор яке аз ҷавононро ба об партофтааст, ки дар натиҷа ӯро низ ба кӯл тела додаанд. Занозанӣ байни онҳо дар об идома ёфтааст. Дар анҷом яке аз муттаҳамон ба рӯи варзишкор бо пой задаасту ӯ аз ҳуш рафтааст.

"Ҳама маст буданд": бозпурсии тоҷикони боздоштшуда дар Маскав-видео аз СИЗО

Ба гуфтаи Даниил ва дӯсташ, дар ҳамин ҳол ҷанҷол дар пул идома меёфт. Муттаҳамон чанд занро задаанду наврасон ҳам шатта хӯрдаанд. Сари яке маҷрӯҳ шудаву дасти дигаре шикастааст.

Писаракон аз ҳуҷумкунандагон гурехтаанд. "Сипас мо дидем, ки онҳо истоданд. Ман дарҳол ба хадамоти наҷотдиҳӣ занг задам", - мегӯяд Даниил.

Баъди чанд дақиқа писарҳо ба ҷои ҳодиса баргаштаанд ва Чуевро дар зери об пайдо кардаанд. Вақте варзишкорро аз об бароварданд, ӯ аллакай ҳалок шуда буд.