Имрӯз боз як қисми кӯчаҳои Душанбе бебарқ мемонанд

Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ дар як қисми кӯчаҳои Душанбе барқ хомуш карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ дар як қисми  кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан,  аз соати 09:00 то 16:00  қатъ  карда мешавад.

Як қисми кӯчаҳои Душанбе боз бе барқ мемонанд

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, имрӯз дар Маҳаллаҳои Деҳнавак, Дашти Хорзо, Ҷангалак, Навободи ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Маҳаллаҳои Каротегинский, Охтак, Бустони ноҳияи Шоҳмансур,  кучаҳои 1-уми май, Яккатут, Машъал, Қаҳҳоров ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои кӯчаҳои  Ҷаббор Расулов, маҳаллаҳои Авғоно, Чортут, Арбобхотун, Зарафшон-2, Пахтакор, Обчакорон ноҳияи Сино қувваи барқ хомӯш карда мешавад.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.