Дар Кӯҳистони Масчоҳ беш аз 200 сар гусфанд зери тарма мондаасту аз чӯпонҳо дараке нест

Беш аз 200 сар моли мардум дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ зери тарма монда, аз худи чӯпонҳо то ҳол дараке нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ мегуянд,  бар асари фаромадани тарма дар шаби  10  ба 11 -уми июн беш аз  200 сар гусфанд  зери тарма мондааст.  Ҳодисаи зери тарма мондани гусфандони зиёд бар асари боришоти барф дар доманакӯҳҳои ин ноҳия ба вуҷуд омадааст.

ВУД: аз дуздии бузу гусфанд то  телефону пулу хӯрокворӣ дар Тоҷикистон

Ин чорвои мардумро ду чӯпон тоза аз ноҳияи Масчоҳ ба дараҳои ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ интиқол медоданд, вале боришоти барф дар доманакӯҳҳо боиси фаромадани тарма ва нобуд кардани ин  гусфандон шудааст. 

Мунавваршо Мунавваров раиси хоҷагии деҳқонии “Сурхкат” дар Кӯҳистони Масчоҳ, гуфтааст, ки ҳоло тақдири ду чӯпон барои онҳо номаълум будааст.

Мунавваров гуфтааст, ки фаромадани тарма беш аз 200 сар молро нобуд кардааст. Дар ин ҳолат чӯпонҳо барои дидани боқимонда гусфандон ба баландӣ баромада, аммо ҳанӯз аз онҳо дараке надоштаанд.

10 000 сомонӣ кумаки раис ва вазир ба хонаводаи падару писар, ки зери тарма ҷон бохтанд

Бино ба нақли сокинон дар сари роҳ ҳамчунин ярч ҳам фарома ва ин ҳол корҳои ҷустуҷӯи чӯпонҳо ва чорвои онҳоро душвор намудааст.

Сокинони ноҳияи Масчоҳ аз ин вазъ кормандони ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳро огоҳ сохтаанд. Зимнан чустуҷӯи чӯпонҳо дар ноҳия  ҷараён дорад.