Аввалин ҷашнвораи мусиқии "Истгоҳи Душанбе" дар пойтахти Русия

Sputnik

Гурӯҳи ҳунармандони тоҷик ба Маскав омаданд ва дар аввалин ҷашнвораи мусиқии “Истгоҳи Душанбе”, ки таҳти унвони “як дигарро тавассути мусиқи бишнавем” ширкат варзиданд.

Тоҷикдухтар дар озмуни байналмилалии мусиқӣ пирӯз шуд

Дар ҷашнвораи мазкур ғайр аз овозхонҳои тоҷик, инчунин ҳунармандони Русия, Узбакистон ва Қазоқистон низ иштирок намуданд.

Аввалин ҷашнвораи мусиқӣ аз тарафи Департаменти ҳамоишҳои миллии “БАЗМ” ташкил карда шуд.

Дар толори Vegas City Hall садҳо нафар тамошобинон шоҳиди беҳтарин сурудҳои ситораҳои эстрадаи Тоҷикистону Русия шуданд. Дар ин шоми базм тамошобинон эҳсосу хотироти нек гирифтанд.   

Ҷашнвораи мусикӣ дар фазои зебову ҷаззоб гузашт. Ҳамаи тамошобинон бо сурудҳои нави ситораҳои Тоҷикистону Русия ошнои пайдо карданд.

Ноҳид Зайналпур: танҳо мусиқӣ ва варзиш метавонанд мардумонро бо ҳам бипайванданд

Дар ҷашнвора мазкур бо сурудҳои беҳтарину тару тоза Тоҷикистонро гурӯҳи Авесто, Дамирбек Олимов, Хайём Хайёлбеков, M. One муаррифӣ намуданд. Дар баробари ин дар фестивали мазкур ҳунармандони Қазоқистон, Русия ва Узбакистон аз ҷумла Абдулкарим Қазоқистон, Джон Даллер (Русия), Natan (Русия), овозхон Согдиана (Русия), Вито Ягмуров (Русия), Killa Voice (Русия) ширкати намуданд.

Ташкилкунандагон қайд намуданд, ки консерти мазкур хайриявӣ буда аксарияти пули билетҳои фурӯхташудаи ҷашнвораи “Истгоҳи Душанбе” ба бунёди хайриявии маризиҳои онкологӣ “Осиёи Сиҳат” барои кумаки кӯдакони бемор равона карда мешаванд.

Ҳачунин Аслишо зикр намуд, ки сипас ҷашнвораи мусиқии “Истгоҳи Душанбе” ҳамасола дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд.   

 

1 / 8
"Мо барои номгузории яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Маскав ба номи Душанбе таваҷҷуҳи зоҳир мекунем. Мо мехоҳем яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Маскав Душанбе ном дошта бошад. Ба ҳамин хотир, ҳамоиши ташкилкардаи мо ба ҳамин мавзӯъ вобастагӣ дорад”, -гуфт Аслишо
2 / 8
Дар пойтахти Русия Vegas City Hall аввалин ҷашнвораи мусиқии “Истгоҳи Душанбе” баргузор шуд
3 / 8
Ҷашнвораи мусикӣ "Истгоҳи Душанбе” дар фазои зебову ҷаззоб гузашт
4 / 8
Дар толори Vegas City Hall садҳо нафар тамошобинон шоҳибди беҳтарин сурудҳои ситораҳои эстрадаи Тоҷикистону Русия шуданд.
5 / 8
Дар фашнвораи мазкур ҳунармандони Қазоқистон, Русия ва Узбакистон овозхонӣ карданд
6 / 8
Гурӯҳи Авеста бо тарониа нав "Таралилай" маҳфилро ҷаззоб кард.
7 / 8
Инчунин Сарояндаи узбактабори Русия Согдиана бо забони тоҷикӣ суруди наверо бо номи "Ёри ҷонам" хонд, ки тамоми тамошобинонро ба ҳаяҷон овард.
8 / 8
Ташкилкунандагон инчунин қайд намуданд, ки консерти мазкур хайриявӣ буда аксарияти пули билетҳои фурӯхташудаи ҷашнвораи “Истгоҳи Душанбе” ба бунёди хайриявии маризиҳои онкологӣ “Осиёи Сиҳат” барои кумаки кӯдакони бемор равона карда мешаванд.