Истгоҳи Душанбе дар метро: пешниҳоди тоҷикон ба мақомоти Маскав - аксу навор

Дар пойтахти Русия Vegas City Hall аввалин ҷашнвораи мусиқии “Истгоҳи Душанбе” баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik.  Гурӯҳи ҳунармандони тоҷик ба Маскав омаданд ва дар аввалин ҷашнвораи мусиқии “Истгоҳи Душанбе”, ки таҳти унвони “як дигарро тавассути мусиқи бишнавем” ширкат варзиданд.

Дар ҷашнвораи мазкур ғайр аз овозхонҳои тоҷик, инчунин ҳунармандони Русия, Узбакистон ва Қазоқистон низ иштирок намуданд.

Аввалин ҷашнвораи мусиқӣ аз тарафи Департаменти ҳамоишҳои миллии “БАЗМ” ташкил карда шуд.

Истгоҳи Душанбе дар метро: пешниҳоди тоҷикон ба мақомоти Маскав - аксу навор

Дар толори Vegas City Hall садҳо нафар тамошобинон шоҳибди беҳтарин сурудҳои ситораҳои эстрадаи Тоҷикистону Русия шуданд. Дар ин шоми базм тамошобинон эҳсосу хотироти нек гирифтанд.   

Ҷашнвораи мусикӣ дар фазои зебову ҷаззоб гузашт. Ҳамаи тамошобинон бо сурудҳои нави ситораҳои Тоҷикистону Русия ошнои пайдо карданд.

Ба хусус тамошобинонро гурӯҳи Авеста бо тарониа нав "Таралилай" хушҳол кард. Инчунин Сарояндаи узбактабори Русия Согдиана бо забони тоҷикӣ суруди наверо бо номи "Ёри ҷонам" хонд, ки тамоми тамошобинонро ба ҳаяҷон овард. 

 Дар ҷашнвора мазкур бо сурудҳои беҳтарину тару тоза Тоҷикистонро гурӯҳи Авесто, Дамирбек Олимов, Хайём Хайёлбеков, M. One муаррифӣ намуданд. Дар баробари ин дар фестивали мазкур ҳунармандони Қазоқистон, Русия ва Узбакистон аз ҷумла Абдулкарим Қазоқистон, Джон Даллер (Русия), Natan (Русия), овозхон Согдиана (Русия), Вито Ягмуров (Русия), Killa Voice (Русия) ширкати намуданд.

Аслишо Акимбеков, яке аз ташкилкунандагони ҷашнвораи мазкур ва яке аз шахсоне, ки бидуни иштироки ӯ ҳеҷ ҳамоиши дар Маскав баргузор намегардад, мақсад аз ташкили фестивали мазкурро чунин тавзеҳ дод: 

Истгоҳи Душанбе дар метро: пешниҳоди тоҷикон ба мақомоти Маскав - аксу навор

“Мо барои номгузории яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Маскав ба номи Душанбе таваҷҷуҳи зоҳир мекунем. Мо мехоҳем яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Маскав Душанбе ном дошта бошад. Ба ҳамин хотир, ҳамоиши ташкилкардаи мо ба ҳамин мавзӯъ вобастагӣ дорад”, - таъкид намуд Аслишо.

Ба гуфтаи Аслишо ин ташаббус аз тарафи шаҳрдории Душанбе дастгирӣ ёфтааст. Шаҳрдории Душанбе ба ташкилкунандагони ин ҷашнвораи мусиқӣ номае фиристодааст, ки дар он аз дастгирии ҳаматарафаи ин ташаббус гуфта шудааст.

“Ҳама аз он шурӯъ шуд, ки ман рӯзе хаста будам дар метро ба сӯи хона мерафтам. Ногоҳ ба гӯшам расид, ки истгоҳи баъдӣ Алмаатост, сипас шунидам истгоҳи Рига, Минску Киев. Сипас дар фикр фуру рафтам чаро истгоҳи Душанбе нест. Фикр кардам ин беҳтарин идеяи аст, истгоҳи Душанбе бошад. Ман ба рафиқонам дар бораи ин идея гуфтам ва онҳо ҳам фикри маро дастгирӣ карданд”, - таъкид намуд Аслишо.

Ташкилкунандагони ҷашнвораи мусиқӣ зимни баргузории консерти мазкур барои гузоштани номи Душанбе ба яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Маскав ба ҷамъоварии имзо оғоз намуданд. Онҳо тасмим доранд баъд аз ҷамъоварии 25 ҳазор имзо ба ҳукмати шаҳри Маскав муроҷиатнома равон намоянд.  

Ташкилкунандагон инчунин қайд намуданд, ки консерти мазкур хайриявӣ буда аксарияти пули билетҳои фурӯхташудаи ҷашнвораи “Истгоҳи Душанбе” ба бунёди хайриявии маризиҳои онкологӣ “Осиёи Сиҳат” барои кумаки кӯдакони бемор равона карда мешаванд.

Ҳачунин Аслишо зикр намуд, ки сипас ҷашнвораи мусиқии “Истгоҳи Душанбе” ҳамасола дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд.