ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон, иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати панҷум 12 июни соли 2019 соати 9.00 дар толори маҷлисгоҳи палатаи болоии парлумон баргузор мегардад.
“Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июни соли 2019 аз соати 8.00 то соати 17.00 ва 12 июни соли 2019 аз соати 7.00 то 8.00 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи сеюм, утоқи кории шуъбаи ташкилӣ ба қайд гирифта мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.
Маҷлиси миллӣ раисҷумҳурии 30-солаҳоро ҷонибдорӣ кард
Манбаъ таъкид кардааст, ки телефонҳо барои маълумот - 221-12-47, 223-19-48 мебошад.
Дар ҷаласаи мазкур баррасии қонунҳои қаблан қабулкардаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар назар аст.