Раъду барқу борони сел: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳавои ноустувор боқӣ монда,  дар доманакӯҳҳо ва  ноҳияҳои кӯҳӣ  эҳтимоли фаромадани сел вуҷуд дорад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ба иттилои ҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боришот (борон, барф) ба амал меояд. 

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона -1+4 ва  рӯзона ҳарорат ба  8+13 дараҷа  мерасад.

Ҳушдори ҳавошиносон аз селхезиҳо

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва  рӯзона  гармӣ ба 11+16 дараҷа  мерасад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмудат меборад.  Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония  вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо борони  бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда,  борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.