Омезиши фарҳанги тоҷикӣ бо махсусиятҳои масеҳӣ дар наққошиҳои Аъзам Атахонов

Наққошиҳои рассоми тоҷик, Аъзам Атахонов инъикосгари олами мафтункунандае мебошанд, ки дар онҳо малоикаву фариштаҳои дорои хусусияти масеҳӣ бо фарҳанги тоҷикона мавқеи хоса доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар намоишгоҳи “Artstory”-и шаҳри Маскав наққошиҳои Аъзам Атахонов рассоми тоҷики муқими Русия ба намоиш гузошта шуда буд.

Намоиши “Аъзам Атахонов. Манзумаи тахаюлот” 40 расми тайи 10 соли охир тасвиркардаи ӯро дар бар мегирад.

Омезиши фарҳанги тоҷикӣ бо махсусиятҳои масеҳӣ дар наққошиҳои Аъзам Атахонов

Тоҷикистони ҳамешабаҳор

Дар эҷодиёти Атахонов анъанаҳои фарҳангии Форси шарқӣ, санъати авангарди рус ва эҳёи аврупоӣ бо ҳам омезиш мехӯранд. Муаллиф қайд кардааст, барои намоиши мазкур  зиёда аз 40 манзараи тайи 10 соли охир аккосикардашро пешкаш кардааст.

Дар эҷодиёти ӯ анъанаҳои миллӣ ва ё русию аврупоӣ дар алоҳидагӣ кам аккосӣ мешаванд. Ӯ бисёртар кӯшиш кардааст бо омезиши фарҳанги Шарқу Ғарб акси оламро  нишон диҳад.

Атахонов мавзуъ ва образҳои кории худро аз Тоҷикистон пайдо мекунад. Чеҳраҳои асосӣ дар наққошиҳои ӯ худи инсон мебошад.

Қаҳрамонҳои асосии тасвиркардаи ӯ бо либос ва тоқии миллӣ бо виқорона дар гирди дастархон чой менӯшанд, дар сояи дарахтон истироҳат мекунанд ва ё оромона саёҳат мекунанд. Ғизоҳои миллии тоҷикӣ қариб дар ҳамаи эҷодиёти ӯ мавқеи хос дорад. 

Омезиши фарҳанги тоҷикӣ бо махсусиятҳои масеҳӣ дар наққошиҳои Аъзам Атахонов

Ҳамчунин одамон дар нақшофарии Атахонов бо либосҳои тунук тасвир ёфтаанд, ки ин аз иқлими гарму кишварҳои офтобии шарқ шаҳодат медиҳад.

Худи рассом қайд мекунад, ки инсон, табиат, саъатҳои мавҷуда, мазмуни эҷодиёти халқӣ, меъморӣ, назм ва мусиқии шарқиёна ба ӯ илҳом мебахшанд, то ки даст ба эҷод занад.

“Ман аз манзараҳои зодгоҳам, деҳаи Лучоб, ки дар наздикии шаҳри Душанбе маскун гирифтааст илҳом мегирам. Ҳамчунин як қисмати расмҳои дар инҷо буда ҳосили дидаҳои ман аз минтақаҳои гуногуни Русия, кишварҳои Аврупо ва дигар ҷойҳо мебошанд, ки ин “саёҳат” ном гирифтааст”, - мегуяд рассом.

Омезиши фарҳанги тоҷикӣ бо махсусиятҳои масеҳӣ дар наққошиҳои Аъзам Атахонов

Атахонов қайд кардааст, ки ҳангоми пешкаш намудани аксҳояш ба ин намоиш тасмим гирифтааст, ки ин қисмати эҷодиёташро ба модараш, ки ним сол пеш ин дунёро падруд гуфтааст бахшад.  

Фариштаҳои масеҳӣ дар Тоҷикистон

Ҳангоми эҷод, расом бо хусусиятҳои хоси худ ба мавзӯи динӣ мегузарад. Масалан, меҳмонҳо бо тааҷҷуб ба аксҳои ӯ, ки дар онҳо малоикаҳои насрониён –  Михаил, Гавриил ва Рафаил дар либоси тоҷикӣ тасвир ёфтанд.

Бо ин роҳ рассом кӯшиш кардааст хусусиятҳои хоси дини насрониро бо фарҳанги тоҷикӣ омезиш диҳад. Чунин навъи омезишдиҳӣ манзараҳои фарҳанги тоҷикию хусусиятҳои хоси насронӣ хело кам ба чашм мерасад.

Омезиши фарҳанги тоҷикӣ бо махсусиятҳои масеҳӣ дар наққошиҳои Аъзам Атахонов

“Расми “Шоми охир”  хусусияти масеҳӣ дорад, аммо Атахонов дар расмҳояш инро ба  фарҳанги тоҷикӣ омезиш дода, намояндагони ин шомро бо либосҳои тоҷикӣ дар гирди дастархон тасвир кардааст. Вақте, ки аз ман аккосии ин расмро дархост карданд, ман китоби “Евангелие”-ро бо забони тоҷикӣ дарёфт кардам. Ҳангоми хондани ӯ ба назарам менамуд, ки гуё дар бораи ҳайёти муосири деҳаи мо сухан меравад. Ман одамон, хонаҳо ва идҳоро пеши назар меовардам. Ин ҳамаро дар ҳаёти воқеӣ медидам. Насорои муосир аз асли воқеие, ки асрҳо пеш дар Шарқ дошт дур шудааст. Ман ҳамчунин Қуръонро хондам, то ки ба масъала ҳамаҷониба ворид шавам. Масъала бисёр шавқовару доманадор аст ва ифшои он меҳнат талаб мекунад”, - қайд кардааст рассом.

Омезиши фарҳанги тоҷикӣ бо махсусиятҳои масеҳӣ дар наққошиҳои Аъзам Атахонов

Муаллифи ҳамчунин қайд кардааст, ки  муносибати шоирони форс ба дунё ва коинот ба ӯ илҳоми эҷодӣ мебахшанд.

“Ба ман аз ҳама зиёдтар Абдураҳмони Ҷомӣ писнд аст. Маънии ашъори Рӯмӣ барои ман на он қадар фаҳмост. Вақте, ки “Маснавии Маънавӣ”-ро мехонӣ бисёр ҷойҳоро нохонда паси назар мекунӣ, чунки дониши дарки маънии ашъори ӯ басанда нест. Аз ҳама шоирон дида барои ман мафҳуми ҷаҳонбинии Ҷомӣ мақбултар аст”, - қайд мекунад Атахонов.

Намоишгоҳи “Artstory”-и шаҳри Маскав наққошиҳои Аъзам Атахонов, рассоми тоҷики муқими Русияро ба намоиш гузоштааст. Намоиш рӯзи 6-уми июн оғоз шуд ва то 28-уми июл идома мекунад. 

Омезиши фарҳанги тоҷикӣ бо махсусиятҳои масеҳӣ дар наққошиҳои Аъзам Атахонов

Дар намоишгоҳ гулчине аз офаридаҳои даҳсолаи охири ӯ ба монанди “Сарбанд дар куҳҳо”, “Хайрбод”, “Гуфтугӯ дар бораи ниҳонҳо”, “Бедор шав Аъзам!”, “Расомон дар колисо”, “Замин-Модар”, “Нозанини лучобӣ” ва “Хоб дар Нерехта” ва ғ. пешкаши мухлисон гардида буданд.

Дар асарҳои Атахонов бештар зебоиҳои табиат, офаридаҳои дасти инсон, меъморӣ, боғу деҳот, хона ва ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтаанд.

Шарҳи ҳоли Аъзам Атахонов

Азам Атахонов зодаи Душанбе ва хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии пойтахт ва Омӯзишгоҳи олии расомӣ-саноатии Маскав ба номи Строганов мебошад. Аз соли 1989 дар Маскав зиндагӣ мекунад. Аз соли 1990 ба ҳайси аъзои Шӯрои расомони Русия пазируйфта шудааст.

Асарҳои Аъзам Атахонов дар осорхонаи давлатии санъати халқҳои шарқи Маскав, Осорхонаи санъати тасвирии Тотористон, Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод дар Душанбе ва дар дигар мавзеъҳои нигоҳдории дохилу хориҷи Русия нигоҳ дошта мешаванд.