ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Назаров ба ҳайси сармутахассиси Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор аз корафтода барои тайёр кардани дафтари ҳавлӣ 5 ҳазор сомонӣ хостааст.
“Санаи 23 январи соли 2019 шаҳрванд “А” бо ариза ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки сармутахассиси Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор Назаров Бобомурод Султонович аз ӯ барои тайёр намуда додани шиносномаи ҳавлидорӣ маблағи 5000 сомонӣ талаб карда истодааст”, - омадааст дар иттилоия.
"Пора ба раис”: чӣ гуна мактаби “Меҳроб – 2016” ронандаҳо тайёр мекард?
Манбаъ таъкид кард, ки худи ҳамон рӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Назаров Бобомурод баъди аз шаҳрванд “А”, гирифтани 5000 сомонӣ дастгир карда шуда, далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Ожонс иттилоъ додааст, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Назаров, бар асоси моддаи 247, барои қаллобӣ анҷом ёфта, барои моҳиятан баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардид.