Котиботи Раҳмон гуфт, чаро боғи навро Куруши Кабир ном гузоштанд

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Куруши Кабир номгузорӣ шудани боғи нав дар маркази Душанбе, ки 7 июн аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд, бесабаб нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Котиботи раисиҷумҳури зикр кардааст, ки Куруши Кабир асосгузор ва шоҳи сулолаи ҳахоманишиён мебошад. Натиҷаҳои давраи аввали фаъолияти Куруш ин буд, ки ҳахоманишиён ба иқтидори бузурге соҳиб гардиданд.

Раҳмон дар арафаи сафари президентҳо боғи бузургеро дар Душанбе ифтитоҳ кард

“Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ва бунёдгузори тамаддуни давлатдории комилан нав буда, ҳазорсолаҳо чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори зираку тезҳуш, пуштибони адолату ростӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо ва ҳомии сокинони қаламраваш шуҳрат ёфтааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кардааст, ки Куруши Кабир аввалин Эъломияи Ҳуқуқи Башарро соли 539 пеш аз милод эълон карда буд.

“Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон яке аз бузургтарин ислоҳоти иҷтимоӣ ва санади таърихии ӯст, ки дар шакли паём ба сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби қаламрави паҳоновараш ирсол намуда буд”, - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳур.

Боғи нав дар Душанбе, ки номи Куруши Кабирро гирифт, 5 гектар масоҳат дошта, дар он 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳҳо сохта шудааст.