ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Дар шаҳри Сочи дар натиҷаи садамаи мудҳиш-бархӯрди автобуси сайёҳӣ бо микроавтобус, 26 кас ҷароҳатдор шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
Миёни захмишудагон се кӯдак ҳам буда, се нафари дигар дар кати ҷарроҳӣ хоб аст.
Дар Инстаграм навор аз ҷои ҳодиса нашр шудааст. Ан ин навор дида мешавад, ки микроавтобус чаппа шдааст.
Фоҷиа субҳи имрӯз дар ноҳияи Адлери шаҳри Сочи ба вуқӯъ пайвастааст. Автобуси бузурги сайёҳии Yutong бо микроавтобуси Mercedes бархӯрдааст.
Хушбахтона дар паи ин садама касе ҳалок нашудааст. Дарҳол ба ҷои ҳодиса 19 бригадаи ёрии таъҷилӣ ҳозир шудааст.
"Дар паи садама 26 кас захмӣ шуд. Ҳамаи онҳо дар бемористони шаҳри Сочи ҷой дода шуданд. Ҳашт нафарашон дар бемористони ноҳияи Адлер ва 18 тани дигар дар беморхонаи шаҳрии Сочи бистарӣ шуданд",-омадааст дар хабарномаи шаҳрдорӣ.
Қайд мешавад, ки дар ҷои ҳодиса равоншиносон ҳам кор мебаранд. Айни замон кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои садама тафтишот мегузаронанд.