Малика дар рақс: насби пайкараи 2 фарҳангии тоҷик дар Душанбе - аксҳо

Дар маркази шаҳри Душанбе, дар боғи навбунёди Куруши Кабир ду маҷассамаи ҷадид қомат афрохтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ду тарафи боғ пайкараи ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова ва муҷассамаи мусаввир, наққоши тоҷик Камолиддин Беҳзод ҷой дода шудааст.  

Манбаъ ҳадафи ин иқдомро гиромидошти хизматҳои арзандаи Беҳзод ва Собиров дар соҳаи фарҳанги кишвар хонд.

Малика дар рақс: насби пайкараи 2 фарҳангии тоҷик дар Душанбе - аксҳо

Малика Собирова 22 май соли 1942 ба дунё омада, 27 феврали соли 1982 вафот кард. Ӯ соли 1961 Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград (имрӯза Академияи балети рус ба номи А.Я. Ваганов)-ро бомуваффақият хатм карда, фаъолияти худро чун солисткаи балет дар Театри  опера ва балети ба номи С.Айнӣ оғоз мекунад.

Аввалин нақши худро дар намоиши "Шелкунчик"  П.И.Чайковский ҳанӯз дар солҳои донишҷӯияш дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинград иҷро карда буд.

Лауреати озмунҳои байналмилалӣ дар Варна ва Москва мебошад. Чандин маротиба дар саҳнаҳои Театри калони СССР, театрҳои Ленинград, Ереван, Рига, Вилнюс, Горков, Одесса, Свердловск, Новосибирск, Оренбург, Алма-ато, Фрунзе, Тошкент ва Кишинев рақсида, ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафар кардааст.