Раҳмон дар арафаи сафари президентҳо боғи бузургеро дар Душанбе ифтитоҳ кард

Боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ пурра азнавсозӣ ва ифтитоҳ шуд. Масоҳати он 5 гектарро ташкил дода, 26 даромадгоҳ дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи сафари сарони 27 кишвар ба Душанбе боғи бузургеро дар пойтахт ифтитоҳ кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ шоми 7 июн боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро, ки масоҳаташ 5 гектар будааст, ифтитоҳ карданд.

Раҳмон дар арафаи сафари президентҳо боғи бузургеро дар Душанбе ифтитоҳ кард

Боғ ба номи Куруши Кабир гузошта шудааст. Он аз 26 даромадгоҳ иборат буда, дар дохили он ду амфитеатр сохта шудааст.

"Ғайр аз ин барои гаштугузор ва истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳҳо сохта шудааст. Баҳри дилхушии кӯдакон чор майдончаи бозӣ бо насби таҷҳизоти махсус омодаи истифода мебошад. Дар масоҳати 1640 метри мураббаъ се адад майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва тенниси рӯи миз сохта шудааст. Дар ҳудуди боғ 4 қаҳвахона, аз ҷумла 2 адад пӯшида ва 2 кушода баҳри хизмати мизоҷон омода мебошад", - менависад дафтари матбуоти президент.

Дар ду тарафи боғ муҷассамаи мусаввир ва накқоши тоҷик Камолиддин Беҳзод ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова ҷой дода шудааст.