Пулҳоро дар сандуқ нигоҳ надоред: 6000 сомонии зани 50-соларо дар Рашт наврасе рабуд

Писарбачаи 16-сола ба дуздии 6000 сомонӣ муттаҳам мешавад. Ӯ аз сандуқи як зани 50-сола дар Рашт маблағҳоро рабудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Рашт аз санбуқи зане 6000 сомониашро рабуданд, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, зани 50-солаи сокини деҳаи Кадараи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 3-юми июни соли 2019, тахминан соати 21:30-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи чӯбин 6000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 16-солаи сокини деҳаи Кадара бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати ноболиғи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2, бандҳои “а, в, г” оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.