Сурайё ва Камолиддин дар озмуни байналмилалӣ пирӯз шуданд

Дар Қазоқистон фестивали байналмилалии мусиқӣ баргузор шуд, ки дар он наврасони тоҷик на танҳо иштирок карданд, балки сазовори ҷойи аввал ва дувум шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон фестивали ХХI байналхалқии истеъдодҳои наврас бо номи "Бозторгай" баргузор гардид, ки дар он наврасони тоҷик низ иштирок намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.

Дар фестивал инчунин ҳунармандони навраси давлатҳои Итолиё, Булғория, Исроил, Арманистон, Федератсияи Россия, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳунарнамоӣ карда, санъати миллии хешро намоиш доданд.

"Тоҷикистонро ду нафар сохибистеъдодҳо - Сурайё Акрамова, донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ва Камолиддин Худоймерганов, дастпарвари Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд муаррифӣ карданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ба Бердиева Орзугул барои пирӯзиаш дар Фестивали “Атласу адрас” 3000 сомонӣ доданд

Ин ҳунармандони наврас аз рӯи жанри навозандагӣ баромад карда, санъати асили тоҷиконро ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Ҳакамон, ки иборат аз мутахасисони варзидаи соҳаи санъат, ҳунармандони машҳури мамлакатҳои дар озмун ширкаткунанда буданд, ба санъати нотакрори намояндагони ҷумҳурии мо баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, ба Сурайё Акрамова дар гуруҳи синнусолии худ ҷои аввал ва ба Камолиддин Худоймерганов дар гуруҳи дигар ҷои дуюмро муносиб донистанд.

Наврасони соҳибҳунар бо сари боло ва диплому туҳфаҳои озмун ба Ватанбаргаштанд.