ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон дар пайи садамаи маргбор зани ҷавоне ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ВУД хабар медиҳад.
Бино бар иттилои Вазорати умури дохила, ҳодиса 7 июн, баъди зуҳр соатҳои 15:30 рух додааст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Исузи", Худоёров Исфандиёр Қирғизбекович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ишкошим, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад", - тавзеҳ медиҳад дафтари матбуот.
Дар натиҷа ӯ пиёдагард Амирова Шодигул Мунавваршоевна, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Чорсадаро пахш намудааст.
Дар пайи садама Шодигул сахт маҷрӯҳ шуда, мутаассифона дар бемористон ҳалок шудааст.
Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.