Хушхабар: барои муҳоҷирон дар Русия андоз аз даромадро кам мекунанд

Андоз аз даромади муҳоҷиронро оғоз аз соли 2020 ба андози шаҳрвандони Русия баробар мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Дар Русия андоз аз даромадро барои муҳоҷирон кам мекунанд, дар ин бора муовини сарвазир ва вазири молияи Русия Антон Силуанов дар ҳошияи Форуми иқтисодии байналмилалӣ дар Петербург гуфт.

Ба гуфти Силуанов андоз аз даромадро барои муҳоҷирон аз оғози соли 2020 ба андози шаҳрвандони Русия баробар хоҳанд кард.

"Фикр мекунам, аз оғози соли оянда. Ин қарори хуб аст",-гуфт вазири молияи Федератсияи Русия.

Пас аз пешниҳоди Раҳмон: сабти номи муҳоҷирон дар Русия тағйир меёбад

Ӯ қайд кард, ки тарҳи ин қонун тирамоҳи имсол ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Буҷаи Маскав аз ҳисоби патенти муҳоҷирон ба 5,6 миллиард рубл бой шуд

Илова мекунем, ки то имрӯз андоз аз даромад барои муҳоҷирон 30 дарсад аз даромадро ташкил медиҳад ва дар сурати қабули қонуни нав он ба 13 дарсад чун барои шаҳрвандони Русия баробар хоҳад шуд.

Се пешниҳоди Раҳмон ба Русия: авфи муҳоҷирон, сабукӣ дар сабти ному гирифтани патент

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 июн дар пойтахти шимолии Русия Санкт-Петербург Форуми иқтисодии байналмиллалӣ оғоз шуд. Рӯзи ҷумъа дар ҳамоиши бузург президенти Фдератсияи Русия Владимир Путин ҳам ширкату суханронӣ кард.