ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Имсол бори 74-ум Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро 1556 нафар хатм кард.
Ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз миёни 1556 нафар, 65 касашон донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд.
Ин нукта зимни баргузории як чорабинӣ дар донишгоҳи мазкур таъкид гардидааст.
Хатми имсолаи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба воқеаи муҳим, 80 солагии таъсисёбии ин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ рост омад, ки имрӯзҳо устодону донишҷӯёни таълимгоҳ баҳри таҷлили сазовори ин санаи таърихӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд.
То имрӯз ин донишгоҳ беш аз 43 ҳазор нафар мутахассисони соҳибмаълумотро тарбият намудааст.