ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса меравад, дар ин бора сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуэдар зимни дидори мушовири президенти Фаронса Паскал Лоро бо раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ёдрас шуд.
Гуэдар гуфт ки бо вуҷуди ҷой доштани баъзе мушкилиҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон, нақши Бонки миллӣ дар таҳияву амалигардонии як қатор ислоҳоти муҳим муассир аст.
“Умедворем, ки сафари дарпешистодаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса ба рушди ҳамкориҳои низоми бонкии Фаронса ва Тоҷикистон такони нав мебахшанд”,- таъкид намуд Ясмин Гуэдар.
Дар рафти мулоқоти мушовири президенти Фаронса Паскал Лоро бо раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода самтҳои дигари афзалиятнок барои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Фаронса, ҳамкорӣ дар самти сиёсати пулию карзӣ, идораи захираҳои байналмилалӣ, роҳҳои коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки мушовири президенти Фаронса ҳамчунин бо вазири хориҷаи Тоҷикистон низ вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронсаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ кард.