ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Муҳаммадаброри Идрис, сардори шуъбаи назорати фармокологии маводи доруворӣ ва Файзиддини Ашуралӣ, мутахассиси шуъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиении Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ба порагирӣ дар ҳаҷми калон даст задаанд.
Манбаъ афзуд, ки мақомдорони мазкур 14 феврали соли 2019 ҳангоми санҷиши ногаҳонӣ дар анбори маҳсулоти дандонпизишкии ширкати “Стамадент” ҳолати бидуни сертификати мутобиқат нигоҳдории маҳсулотро муайян кардаанд.
Муҳаммадаброри Идрис ҳамчун шахси мансабдор аз шаҳрванд Раҳмонов Ҳусниддин Шарофитдинович бо таҳдиди ба расмият даровардани ҳолати мазкур ва ҳамзамон несту нобуд кардани ин молҳо 7000 доллари ИМА талаб кардааст.
“Сипас 20 феврали соли 2019 дар наздикии бинои “Опера ва балети ба номи С.Айнӣ” 3000 доллар ва 4000 сомонӣ, 21 феврали соли 2019 дар утоқи кориаш, воқеъ дар бинои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 500 доллар ба сифати пора гирифтааст”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.
Манбаъ афзуд, ки 22 феврали соли 2019 Муҳаммадаброри Идрис ҳамчун шахси мансабдор бо ёрдами бевоситаи Файзиддини Ашуралӣ аз Раҳмонов 2000 доллари боқимондаро дар назди тарабхонаи “Шаҳрисабз” гирифта, маводи дандонпизишкии охиронро аз анбори Хадамоти зикршуда ҷавоб додааст.
Додгоҳ гуфт, дар маҷмуъ Муҳаммадаброри Идрис аз Раҳмонов 5500 доллар ва ва 4000 сомонӣ пора гирифтааст.
Муҳаммадаброри Идрис даро порагирӣ гунаҳкор дониста шуда, бо 9 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар корхона ва муассисаҳои давлатӣ ба муҳлати 5 сол маҳкум шуд.
Додгоҳ Файзиддини Ашуралиро ба 4 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар корхона ва муассисаҳои давлатӣ ба муҳлати 3 сол маҳкум кардааст.
Назари маҳкумшудаҳо маълум нест, аммо додгоҳ зикр кардааст, ки онҳо ҳақ доранд, тайи даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи эълон ҳукм ба марҳилаи болоӣ шикоят ё эътирози кассатсионӣ баранд.