Путин гуфт, ки эътимод ба доллар дар ҷаҳон коҳиш меёбад

Путин таъкид дошт, ки нақши доларро чун асъори иловагӣ бояд бознигарӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Эътимод ба доллар дар ҷаҳон коҳиш меёбад, изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин дар рафти суханронӣ дар ҷаласаи умумӣ дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург.

Ӯ афзуд, ки нақши долларро чун асъори иловагӣ бояд бознигарӣ кард.

Ба гуфтаи вай, долларро чун фишанги фишор ба дигар кишварҳо истифода мебаранд.

Ёдрас мешавем, дар Петербург Форуми байналмилалии иқтисодӣ ҷараён дорад.

Интизор меравад, дар форум роҳбари Чин Си Ҷинпин, раисҷумҳури Булғория Румен Родев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, нахуствазири Словакия Петр Пеллегрин ва дабири кулли СММ Антонио Гуттериш баромад кунанд.