Аз фалсафаи Шарқ то фарҳанги Ғарб: намоиши асарҳои наққош Аъзам Атахонов дар Маскав - акс

Sputnik

Аъзам Атахонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар намоишгоҳ беш аз 40 асар, гулчине аз офаридаҳои ӯ аз соли 2006 ба инҷониб ба намоиш гузошта шуданд. Азам Атахонов гуфт, асарҳои шоирони классик ба мисли Ҷомиву Румӣ, наққошони Руми қадим ва Италия, рассомони қадимии рус сарчашмааи илҳомаш ҳастанд.

Наққош афзду, ба намоишгоҳ “Достони маънӣ” ном гузоштем ва ин намоишгоҳ ба модари азизаш, ки шаш моҳ пеш аз олам даргузаштааст бахшида шудааст. 

Дар асарҳои Атахонов бештар зебоиҳои табиат, офаридаҳои дасти инсон, меъморӣ, боғу деҳот, хона ва ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтааст. Асарҳои Азам Атахонов дар Музейи давлатии санъати халқҳои шарқи Маскав, Осорхонаи санъати тасвирии Тотористон ва Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод дар Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.

Аъзам Атахонов зодаи Душанбе аст ва аз соли 1989 дар Маскав зиндагӣ мекунад.

1 / 10
Намоиши наққошиҳои Аъзам Атахонов рассоми тоҷики муқими Русия рӯзи 6-уми июн оғоз шуд ва то 28-уми июл идома мекунад.
2 / 10
Аъзам Атахонов зодаи Душанбе аст ва аз соли 1989 дар Маскав зиндагӣ мекунад
3 / 10
Дар асарҳои Атахонов бештар зебоиҳои табиат, офаридаҳои дасти инсон, меъморӣ, боғу деҳот, хона ва ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтааст
4 / 10
Намоиш “Достони маънӣ” ном дорад ва ин намоишгоҳ ба модари азизи наққош, ки шаш моҳ пеш аз олам чаш пӯшидааст, бахшида шудааст
5 / 10
Асарҳои шоирони классик ба мисли Ҷомиву Румӣ, наққошони Руми қадим ва Италия, рассомони қадимии рус сарчашмааи илҳоми Аъзам Атахонов мебошанд
6 / 10
Дар наққошиҳои Аъзам омехта шудани фарҳанги тоҷик бо масеҳият мушоҳида мешавад
7 / 10
Дар асарҳои наққош бештар зебоиҳои табиат, офаридаҳои дасти инсон, меъморӣ, боғу деҳот, хона ва ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтааст
8 / 10
Наққошиҳои Аъзам Атахонов дар Музейи давлатии санъати халқҳои шарқи Маскав, Осорхонаи санъати тасвирии Тотористон ва Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод дар Душанбе нигоҳ дошта мешаванд
9 / 10
Намоишгоҳи "Artstory"-и шаҳри Маскав наққошиҳои Аъзам Атахонов рассоми тоҷики муқими Русияро ба намоиш гузоштааст
10 / 10
Намоиши наққошиҳои Аъзам Атахонов рассоми тоҷики муқими Русия рӯзи 6-уми июн оғоз шуд ва то 28-уми июл идома меёбад