ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ҳамрализода зимни баррасии вазъи соҳибкорӣ дар ҳузури вакилони парлумон гуфт, аз 97 имтиёзи муқарраршуда, 80 имтиёз фискалӣ ва 17 имтиёз ғайрифискалӣ мебошанд.
Ӯ афзуд, ки бо 39 кишвари хориҷӣ созишномаҳо дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба тасвиб расидааст.
“Ҳоло соҳибкорони Тоҷикистон бо беш аз 80 давлати хориҷӣ дар самти содироту воридот ҳамкорӣ доранд”, - иттилоъ дод Ҳамрализода.
Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ҳаҷми сабукиҳо ба соҳибкорон миллиардҳо сомониро ташкил дода, танҳо соли гузашта барои дастгирии соҳибкории ватанӣ ва хоҷагиҳо соли гузашта 7,1 миллиард сомонӣ имтиёзҳои андозӣ муқаррар гардидаст.
Ба иттилои ин ниҳод, солҳои 2013-2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ тавассути “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” барои соҳибкорон 208,4 миллион сомонӣ равона гардида, соли 2019 ба ин мақсад 90 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.