Си Ҷинпин Путинро дӯсти наздиктарини худ хонд

Роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари расмӣ дар Русия қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Роҳбари Чин Си Ҷинпин гуфтааст, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин наздиктарин дӯсти ӯст.

"Ин сафари 8-уми расмии ман аз соли 2013 ба Русия аст. Моро бо президент Путин муносибатҳои наздики касбӣ ва дӯстии наздик пайваст мекунад. Русия барои ман кишварест, ки аз ҳама бештар сафар кардаам ва Путин барои ман наздиктарин дӯст аст", - қайд кардааст роҳбари Чин.

Ба гуфтаи вай, ин нишонаи муносибатҳои сатҳи олии дуҷониба ва ҳамкориҳои стратегии Чин ва Русия аст.

Си Ҷинпин афзудааст, ки мулоқоташ бо роҳбари Русия "самарабахш" буд ва дар "фазои дӯстонаву кушод" баргузор шуд.

Ҳамкориҳои Русияву Чин ҳанӯз 400 сол пеш оғоз шуда буданд.

Сафари дурӯзаи Си Ҷинпин дар Русия аз 5 то 7 июн сурат мегирад. Дар ҳошияи он роҳбари Чин дар Форуми иқтисодии байналмилалии Петербург иштирок мекунад.

Пештар низ Си Ҷинпин гуфта буд, ки вобаста ба вазъи феълии байналмилалӣ Русия ва Чин бояд муноситаҳои ҳамдигарро таҳким бахшанд.