Михаил Горбачев дар беморхона бистарӣ шуд

Моҳи марти соли равон ягона президент дар торихи СССР 88-сола шуд. Горбачев муддати тӯлонист, ки дар беморхона будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik.  Аввалин президенти иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев дар бемористон қарор дорад.

"Ман, муддати тӯлонист, ки дар беморхонаам. Аммо чун  имконияти кӯчаке пайдо кардам, бо кӯмак ва дастгирии дӯстонам кор мекунам", - гуфтааст ӯ ба РИА Новости.

Горбачев афзудааст, ки ба наздикӣ китоби нави ӯ чоп мешавад.

Михаил Горбачев дар беморхона бистарӣ шуд

Михаил Горбачев 2 марти соли 1931 таваллуд шудааст. Имсол вай 88-сола шуд.

Панҷумин котиби кулли Кумитаи марказии КПСС ва ягона президент дар торихи Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1985 то пошхӯрии кишвар соли 1991 дар сари ҳукумат буд.

Ба 300 ҷоизаи давлатӣ сазовор шудааст. Собиқ президент ҷоизадори Нобел низ ҳаст. Дар чанд донишгоҳи Русия ва ҷаҳон олими фахрӣ шудааст.

Аз соли 1992 бо даҳ забон даҳҳо китоб навиштааст.

Ӯ дар яке аз филмҳои коргардони олмонӣ нақши худашро бозидааст.Ҳамсари Горбачев Раиса Максимовна соли 1999 аз бемории лейкимия вафот карда буд.