Эмомалӣ Раҳмон, Путин, Руҳонӣ, Мирзиёев ва президентҳои дигар ба Бишкек мераванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Бишкек меравад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Данияр Сиддиқов, сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон мегӯяд, ҳамоиши роҳбарони кишварҳои узви СҲШ ва давлатҳои нозир 13 – 14 июн дар Бишкек дар назар аст, хабар дод Sputnik Қирғизистон.

Аз Путин то Рӯҳонӣ меоянд: шаҳрдорӣ эълон кард, ки кадом кӯчаҳоро дар рӯзи саммит мебандад

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамоиш раисиҷумҳури Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия – Владимир Путин, Чин – Син Ҷинпин, Узбакистон – Шавкат Мирзиёев ва ҳамтоёнашон аз Қазоқистон, Покистон ва Ҳинд иштирок мекунанд.

Сиддиқов афзудааст, ки иштироки роҳбарони кишварҳои нозир, аз ҷумла президентҳои Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон низ ба нақша гирифта шудааст.

Данияр Сиддиқов илова намуд, ки Бишкек барои қабули меҳмонони олимақом омода буда, ҳудуди 20 санад барои имзо ба роҳбарони кишварҳо пешниҳод хоҳанд шуд.

Дар ин ҳамоиш таҳкими ҳамкориҳо дар доираи СҲШ ва масоили мубрами байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд шуд.