"Ба занаш гуфт, баъди ду соат баргард": худкушии мармузи Файзулло дар рӯзи ид дар Варзоб

Як сокини ноҳияи Варзоб рӯз Иди Фитр қасди ҷон худ кард. Ӯ пеш аз худкушӣ ҳамсарашро ба хонаи модараш гусел карда, гуфта будааст, ҳатаман баъди ду соат баргардад. Вақте зан ба хонаи шавҳар бармегардад, ҳамдеҳагон аллакай ҷисми беҷони Файзуллоро аз ҳалқаи дор берун оварда буданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар рӯзи Иди Рамазон дар Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ҷавони 28-солае худкушӣ кард, хабар медиҳад "Оила".

Файзулло - сокини деҳаи Чорбоғ чанде пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта будааст.

"Сабаби даст ба худкушӣ задани Файзулло маълум нест, вале ба гуфтаи наздиконаш, ӯ вақтҳои охир хаёлӣ менамуду бештар вақт гӯшаи танҳоиро ихтиёр мекард", - менависад манбаъ.

Бегоҳи ид Файзулло ба занаш роҳкиро дода, ӯро ба хонаи хушдоманаш ба аёдати волидонаш мефиристад ва таъкид мекунад, ки ду соат пас ҳатман ба хона баргардад. Пас аз рафтани зану фарзандонаш хонаро хилват ёфта, ӯ аз ресмони борике, ки маъмулан дар деҳот барои бастани дарзаи алаф истифода мешавад, халқаи дор месозад ва худро дар мехи пардаи хонаи хобаш ба дор меовезад, афзудааст хабаргузорӣ.

Вақте ки ҳамсараш ба хона баргашт, ҳамдеҳагон аллакай ҷисми беҷони Файзуллоро аз ҳалқаи дор берун оварда буданд.

Аз ин ҷавони  3 фарзанди хурдсол ятим мондаанд.