Аҳмадзода ба масҷид рафта, сокинонро бо Иди Фитр шодбош гуфт

Субҳи имрӯз сокинони вилояти Суғд дар масҷидҳои шаҳру ноҳияҳо намози Иди Фитрро барпо дошта, барои рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардоштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода субҳи имрӯз ҳангоми намози ид ба масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд рафта, сокинони вилоятро бо Иди Рамазон шодбош гуфтааст.

Раиси фаъол: Аҳмадзода иди Фитрро эълон накарда, ба табрики сокинон рафт

"Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кулли сокинони вилояти Суғдро ба муносибати Иди Рамазон табрик гуфт", - менависад дафтари матбуоти раиси вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ, субҳи имрӯз сокинони вилояти Суғд дар масҷидҳои шаҳру ноҳияҳо намози Иди Фитрро барпо дошта, барои рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардоштанд.

"Дар ин моҳи шариф бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дилҳо рондани кинаю адоват, аёдати беморон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон, аз Офаридгор талаби оромиву осоиши сарзамин ва рушду шукуфоии онро кардан аз одат ва фазилатҳои аслии милливу динии мардуми бунёдкор ва созандаи мо ба ҳисоб рафта, бешубҳа дар таҳкими сулҳу ризоият ва ваҳдату якпорчагии ҷомеа мусоидат менамояд", - таъкид кардааст ҳангоми ироаи паём Аҳмадзода.

Дафтари матбуоти раиси вилоят меафзояд, ки намояндагони ҳукумати Суғд ба масҷдҳои тамоми шаҳру навоҳии вилоят рафта, паёми раиси вилоятро ба сокинон расониданд.